05:15 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз қочоқи 64 килуграм маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон пешгирӣ карда ва ду қочоқбарро нобуд кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Сухангӯи Нерӯҳои марзбонии КАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев аз хунсо кардани ду маврид кӯшиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дод.

"Сарбозони Подгони марзбонии Панҷ 14 сентябр бо гурӯҳе аз қочоқбарон даргир шуда ва дар ин задухӯрд як қочоқбарро аз пой дароварда ва дигаронро ба қаламрави Афғонистон пас гардондаанд. Аз ин қочоқбарон 50 килуграм ҳашиш, як ҷангафзори "Калашников" бо панҷ тирдон ва 82 тир, 2 норанҷак ситонда шуд", — гузориш дод Улуғхоҷаев.

Вай ҳамчунин афзуд, ки марзбонҳо ҳамроҳ бо нерӯҳои Ожонси мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 15 сентябр дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ бо гурӯҳе аз қочоқбарон даргир шудаанд, ки дар он задухӯрд низ яке аз қочоқбарон кушта шудааст.

"Аз ин гурӯҳ низ 13 килуграм афюн, 1 килуграм бангдона, як ҷангафзори "Калашников" бо 5 тирдон, 132 дона тир, як норанҷакандози зермилӣ бо 3 дона норанҷак ситонда шуд", — афзуд вай.

Бино ба гузориши Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, аз оғози соли 2017 то кунун 15 марзшикани мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон кушта шудааст.

Мавзуъ

Задухӯрди шабона: аз кушта шудани ду қочоқбари афғон то боздошти сокини Ҳамадонӣ
Самад Зафар: дар шаш моҳ 12 ҳазор бор қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд
Пешгирии қочоқи 553 адад телефони "Samsung Galaxy" дар Суғд
Барчаспҳо:
марзбонӣ, қочоқи маводи мухаддир, Нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Муҳаммад Улуғхоҷаев, Тоҷикистон-Панҷ-Ҳамадонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ