21:30 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Маросими савгандёдкунӣ дар Академияи ВКД

Ойини ёдкарди савганд дар Академияи ВУД: "ба халқу Ватан хидмат мекунем"

© Фото: Аз равобити умумии ВКД ҶТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Дар Академияи Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ёдкарди савганд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дар ин маросим муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшо, раҳбарон ва ҳайъати омӯзгорону кормандони Академия ва волидони донишомӯхтагон ширкат доштанд.

Абдураҳмон Аламшо донишомӯхтагонро "ҷавонони хушбахт" номида таъкид кард, ки онҳо бояд ҳадди ақалл ду забони хориҷиро аз худ кунанд: "махсусан таъкид мекунам, ки шумо — курсантони азиз, аз ҳар лаҳзаи таҳсил дар Академия самаранок истифода бурда, тамоми фанҳои таълимиро аз худ намоед. Забонҳои хориҷиро аз бар намуда, кӯшиш кунед дар баробари забони модарии худ ҳадди ақалл ду забони дигар — русӣ ва англисиро омӯзед".

Дар идомаи суханронӣ муовини вазир аз ҳодисаву воқеоти ахири ҷаҳони муосир ёдовар шуда, гуфтааст: "имрӯз мову шумо дар замоне кору зиндагӣ дорем, ки минтақаҳои гуногуни оламро хатари теруризму экстремизм фаро гирифтааст. Ин ҳолат аз ҳар яки мо, хусусан аз шумо — шогирдони азиз, тақозо менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак буда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ пайи иҷрои рисолати шаҳрвандиву хидматии худ бошед".

Сарвиноз Алимова ва Муъминҷон Давлатов донишҷӯёни соли якум аз номи ҳамсабақони худ ваъда доданд, ки ба савганди ёдкардаи хеш то охир содиқ монда, ба халқу Ватан хизмат мекунанд.

Дар фарҷом барои курсантҳо барномаи консертӣ пешкаш ва дасторхони идона ороста шуд.

Мавзуъ

Дарси сулҳи Раҳмон дар Академия: ҷанг бо айби ашхоси зархарид ва аҳзоби сиёсӣ сар шуд
Барчаспҳо:
маросими савгандёдкунӣ, ВКД, Абдураҳмон Аламшо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ