Рамазон Раҳимзода бо ҳамтоёни рус, қазоқ, покистонӣ ва чиниаш дидор кард

© Фото : МВД ТаджикистанаГлавы МВД России и Таджикистана
Главы МВД России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия, Чин, Қазоқистон ва Покистон дар заминаҳои амниятӣ ва интизомӣ дар дидори вазири умури дохилаи ҶТ бо ҳамтоёнаш баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Пекин 86-умин нишасти Маҷмаъи умумии Интерпол ё Пулиси байналмилалӣ бо ширкати Раиси Ҷумҳурии Халқи Чин Си Ҷинпин оғоз ба кор кард, ки дар он вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода низ ширкат дорад.

Дар ҳошияи ин нишаст Рамазон Раҳимзода бо вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев дидор карда масъалаҳои мубориза бо теруризм, ифротгароӣ, базаҳкориҳои роёнаӣ, мубодилаи иттилоъоти амалиётӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Вазири умури дохилии ҶТ ҳамчунин дар дидор бо вазири амнияти умумии Чин Гуо Шенкун масоили ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳаросафканӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва авзоъ дар Афғонистону амнияти минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ кард.

Раҳбарони нерӯҳои интизомии Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин роҳу чораҳои пешгирӣ аз табаҳкорӣ, мубориза бо базаҳкориҳои созмонёфта ва дар ин замина роҳ андохтани ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар, табодули таҷриба, иттилоъот ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро низ бар расиданд.

Рамазон Раҳимзода ҳамчунин бо вазири умури дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов роҳҳои густариши ҳамкориҳои нерӯҳои интизомии ду кишварро баррасӣ кард.

Ҳамчунин дар ҳошияи 86-умин нишасти Маҷмаъи умумии Интерпол мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд.

Рамазон Раҳимзода ва  Эҳсон Иқбол дар ин дидор омодагии ду кишвар барои густариш додани ҳамкориҳо дар мубориза бо табаҳкориҳои фаромиллӣ, аз қабили теруризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва дигар базаҳкориҳои созмонёфтаро изҳор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0