Аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек баррасӣ шуд

© Фото : МИД РТВстреча Посла с Первым заместителем министра иностранных Кыргызстана
Встреча Посла с Первым заместителем министра иностранных Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек масоили аслии ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Бишкек Суҳроб Олимзода бо муовини аввали вазири умури хориҷии Қирғизистон Динора Кемелова дурнамои равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: ихтилофоти марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳалл шудаанд

Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, дар ин мулоқот, ки 25 сентябр дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон баргузор шуд, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тарафҳо дар робита бо масоили ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-башардӯстона ва ҷаласаи ояндаи Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии маҷмуъи масъалаҳои дуҷониба табодули афкор карданд.  

Яке аз мавзуъҳои аслии ин дидор аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон будааст.

Дарозии марзи ду кишвар 520 килуметр аст, ки 396 килуметр аз он ҳануз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0