00:17 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
29030

Коршиноси умури Афғонистон Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, дар замоне, ки марзбонони Русия ҳам марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро посбонӣ мекарданд, маводи мухаддир қочоқ мешуд ва имрӯз низ ҳамчунон қочоқ мешавад.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Мудири Бунгоҳи мутолеъоти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Семён Багдасаров хостори бозгашти марзбонҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон шудааст. Вай ин далелро пеш оварда, ки "бахше аз ин марз дар Помир, ки нерӯҳои русӣ дар он ҳеч ҳузуре надоранд, бисёр тулонӣ аст, аз ин рӯ, қочоқи маводи мухаддир коҳиш намеёбад".

Аммо коршиноси умури Афғонистон Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, дар замоне, ки марзбонони Русия ҳам марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро посбонӣ мекарданд, маводи мухаддир қочоқ мешуд ва имрӯз низ ҳамчунон қочоқ мешавад. 

"Бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои ҷуғрофиёии ин марз ва равишҳое, ки қочоқгарон ба кор мебаранд, ҳеч кишваре наметавонад ба танҳоӣ роҳи онро куллан бибандад. Албатта, сад дарсад пешгирӣ кардан аз қочоқи маводи мухаддир бисёр душвор аст. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки авзоъ дар Афғонистон солҳо боз ноамну бесубот аст", — гуфт Искандаров.

Вай тавзеҳ дод, ки дар паи ҷанг дар Афғонистон кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир низ сол аз сол бештар мешавад. "Бино бар ин, агар марзро девор ҳам бикашанд, боз ҳам қочоқбарон сӯрохе пайдо мекунанду ҳаргуна маводеро, ки дар Афғонистон тавлид мешавад, берун мебаранд".

Қосимшоҳ Искандаров бар ин назар аст, ки "вазифаи аслии кишварҳои ҳаммарзу ҳамминтақа бо Афғонистон расидан ба тавофуқ барои поён додан ба ҷангу низоъ дар Афғонистон аст то дар он кишвар шароите пайдо шавад, ки кишоварзоне, ки хашхош мекоранд, ба кишти ҷойгузини хашхош рӯй оваранд".

Вале ин коршиноси масоили Афғонистон фикр намекунад, ки бо омадани марзбонҳои Русия ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон қочоқи маводи мухаддир аз миён меравад.

"То замоне, ки авзоъ дар Афғонистон оддӣ нашавад ва кишти хашхошу тавлиди маводи мухаддир дар он кишвар камтар нашавад, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир бисёр мушкил хоҳад буд", — афзуд вай.

Дуктур Искандаров ҳамчунин дар бораи таҳдиди гурӯҳи теруристии "Хуросон" ба амнияту субот дар Тоҷикистон ёдоварӣ кард, ки ин ҳамон гурӯҳе аст, ки дар Афғонистон ба номи "вилояти Хуросон" маълум аст ва он бахше аз созмони теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аст.

"Албатта, ин гурӯҳ ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя хатар дорад. Вале таҳдидаш замоне камтар шуд, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Сурия ДОИШ-ро саркӯб карданду ҷаззобияташ низ камтар шуд. Аммо ин гурӯҳ воқеъан ҳам дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нуфуз карда ва агар фаъолияташ ҷилавгирӣ нашавад, хатару таҳдидаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон, басе бештар хоҳад шуд", — гуфт вай.

Дуктур Қосимшоҳ Искандаров дар посух ба ин пурсиш, ки оё Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тавони размии кофӣ барои пас задани ҳамлаи теруристҳо аз Афғонистон доранд, гуфт: "Фикр мекунам, ки имрӯз марзбонони Тоҷикистон ҳам аз дидгоҳи тавони размӣ ва ҳам муҷаҳҳаз будан ба ҷангафзорҳо хуб омода ҳастанд, ки аз марзшиканиҳо пешгирӣ кунанд. Вале ин ҳам боз ҳам ба авзоъ дар Афғонистон вобаста аст".

"Таҳдиду хатар бештар мешавад, агар, чунончи, гурӯҳҳои теруристӣ нерӯманд шаванд, ки мутаассифона чунин эҳтимоле кам нест, зеро ҳамеша гурӯҳҳое ё кишварҳое барои расидан ба манофеъи сиёсиву геополитикии худ аз теруристҳо суд меҷӯянд. Ҳарчи авзоъ дар Афғонистон печидатару бадтар шавад, хатару таҳдидҳо аз сӯи гурӯҳҳои теруристӣ бештар хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ниёз ба ёриву ҳамкории низомиву амниятии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дорад. Усулан, бо хатарҳову таҳдидҳои муштарак бояд ҳамроҳ мубориза бурд", — ёдоварӣ кард Қосимшоҳ Искандаров. 

Мавзуъ

Багдасаров хостори бозгашти марзбонони Русия ба Помир шуд
Семён Багдасаров: Бояд исмоилиёни тоҷикро ба ҷанги Сурия фиристод
Барчаспҳо:
қочоқи маводи мухаддир, теруризм, ҷанг, Қосимшоҳ Искандаров, Семён Багдасаров, Тоҷикистон-Русия-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ