18:16 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Фармондеҳи амрикоӣ қарор аст 27 - 29 ноябр аз Тоҷикистон боздид кунад ва бо масъулини кишварӣ ва лашкарӣ дидор кунад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Муовини фармондеҳи нерӯҳои заминии Ситоди марказии Артиши Амрико сипаҳбад Теренс Мак Кенрик бо сафаре серӯза аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фармондеҳи амрикоӣ қарор аст 27 — 29 ноябр дар шаҳри Душанбе хоҳад буд ва бо масъулининизомӣ ва дифоъии Тоҷикистон дидор хоҳад кард.

Эҳтимол меравад, ки дар ин дидорҳо афзун бар масоили ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Амрико, ҳамчунин вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел фармондеҳи Ситоди Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико артишбад Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Вай дар дидор бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазъу дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико дар заминаҳои низомӣ ва саноъеи низомиро баррасӣ кард.

Ниҳодҳои низомии Тоҷикистон ва Амрико дар чорчӯби барномаҳои "Пуштибонии байналмилалии молӣ", "Ибтикори ҷаҳонии сулҳофарӣ", "Омӯзиши низомӣ", "Мубориза бо теруризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир" ҳамкорӣ мекунанд.

Мавзуъ

Раҳмон ба корофаринони амрикоӣ: дар Тоҷикистон мошин созед
Ба Тоҷикистон биёед: Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Амрико сӯҳбат кард
Элизабет Миллард сафорати Амрико дар Тоҷикистонро тарк мекунад
Коршинос: Амрико бо иттиҳом задан ба Русия мехоҳад шикасташ дар Афғонистонро пардапӯш кунад
Марзбонони амрикоӣ 60 муҳоҷирро аз марг наҷот доданд
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои низомии ҶТ ва ИМА, Ситоди марказии Артиши Амрико, Ҷозеф Вотел, Теренс Мак Кенрик, Тоҷикистон-Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ