Сарҳанги нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон кушта шуд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкНа таджикско-афганской границе
На таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фармондеҳи посгоҳи марзбонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар задухӯрд бо қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сарҳанг Хайриддин Аҳтамов, фармондеҳи посгоҳи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар задухӯрде, ки имшаб миёни марзбонон ва қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон рух дод, кушта шудааст.

Косимшо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон
Қосимшоҳ Искандаров: ниёзе ба бозгашти марзбонони Русия ба Помир нест

Бино ба гузориши манобеъи хабаргузории Sputnik, дар ин даргирӣ, ки дар наздикии деҳаи Лангуриҳо сар задааст, ҳамчунин 4 марзбон захмӣ шудаанд.

То ин замон яке аз онҳо дар бемористони ноҳияи Восеъ ва се тани дигар дар бемористони ҷамоати Саричашма бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин марзбонҳо сахт захмӣ шудаанд ва қарор аст ду тан аз онҳоро бо чархбол ба бемористони низомии Душанбе бибаранд.

Лентаи хабарҳо
0