Раҳмон: Тоҷикистон аз пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард" нигарон аст

© Пресс-служба Президента РТПослание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту от 2016 года
Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту от 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард" дар ҷаҳон нигарон аст, гуфт Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми солонааш ба Маҷлиси қонунгузори кишвар аз густариши нооромиву низоъҳо дар ҷаҳон нигаронӣ кард ва соли 2017-ро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ "айёми душвору пуртазод" донист.

"Дар ин давра беш аз сад кишвари ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад", — гуфт Раҳмон.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Ба фалон аптека равед": Эмомалӣ Раҳмон бархе аз пизишкони дорунависро танқид кард

"Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад", — таъкид кард вай.

Раисҷумҳур гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бе ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳо, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақаӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид аст.

Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

"Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст", — эълом кард Раҳмон.

Вай ҳамчунин гуфт, ки "таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад".

Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.

Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Лентаи хабарҳо
0