21:26 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту. 22.12.2017

Эмомалӣ Раҳмон: террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад

© Flickr/ Пресс-служба Президента РТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
120 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз набуди таърифи дақиқи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» дар ҳуқуқи байналмилал нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз густариши фаъолиятҳои ҳаросафканӣ дар ҷаҳон нигаронӣ кард.

"Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст", — гуфт вай.

Вай бо таъкид бар ин, ки "терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест", афзуд "террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад".

Кишвардор бо ишора ба вазъ дар Ховари Миёна ва Афғонистон таваҷҷуҳ ба масъалаи таъмини амниятро аввалиндараҷа донист.

"Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном "Давлати исломӣ", ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад", — тавзеҳ дод раисҷумҳур.

Вай яке дигар аз мушкилотро, ки бо вазъ дар Афғонистон пайванд дорад, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донист ва онро яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон шумурд.

"Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 дарсад зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир 9 ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт", — гуфт вай.

Раисҷумҳур ҳамчунин гузориш дод, ки аз соли 1994 то кунун нерӯҳои низомии ва амниятии Тоҷикистон беш аз 121 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 34 тонна ҳероин мусодира кардаанд. "Ин миқдор мавод метавонист наздик ба 53 миллион касро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад", — афзуд вай.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)

Мавзуъ

Раҳмон: Тоҷикистон аз пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард" нигарон аст
Раисҷумҳур соҳибкоронро барои ду сол аз санҷиш озод кард
Раҳмон: дар соли 2018 музди кор, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон афзоиш хоҳанд ёфт
"Ба фалон аптека равед": Эмомалӣ Раҳмон бархе аз пизишкони дорунависро танқид кард
Барчаспҳо:
теруризм, "Давлати исломӣ", Паёми солона, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ