16:16 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Замир Кабулов, архивное фото

Замир Кобулов: ДОИШ Афғонистонро пойгоҳ барои ҳамла ба Осиёи Марказӣ мекунад

CC BY 2.0 / DFID / Russia's Special Representative for Afghanistan Zamir Kabulov
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Теруристҳои ДОИШ дар Афғонистон на барои ҷанг бо низомиёни Амрико ва НАТО, балки барои ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ камин гирифтаанд, мегӯяд Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи кишвардори Русия дар умури Афғонистон, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизюнии “Россия 24” аз афзоиши шумори теруристҳои ДОИШ дар Афғонистон ва интиқоли онҳо ба шимоли ин кишвар нигаронӣ кард.

“Дар се соли гузашта бо диққати бисёр фаъолияти ДОИШ дар Афғонистонро баррасӣ кардаем ва медонем, ки шумори ҷангҷӯёни ин гурӯҳи теруристӣ дар ин кишвар ҳамвора афзоиш меёбад”, — гуфт Кобулов.

Вай гиламанд аст, ки нерӯҳои хориҷӣ ва давлати Афғонистон барои шиносоии ҷангҷӯёни захираву ғайрифаъоли ин гурӯҳи теруристӣ анҷом намедиҳанд.

“Ҷангҷӯёни ДОИШ барои ҷанг бо низомиёни Амрико ва НАТО ба Афғонистон намеоянд, балки ба ин кишвар омадаанд то пойгоҳеро барои густариш ба сӯи шимол ва Осиёи Марказӣ омода кунанд”, — ҳушдор дод Кобулов.

Чанде пеш Александр Бортников, мудири Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ), низ ҳушдор дода буд, ки теруристҳои ДОИШ пас аз шикаст дар Ироқу Сурия акнун гурӯҳ-гурӯҳ ба Афғонистон фиристода мешаванд то аз онҷо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рахна кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш низ Русия барои посбонӣ аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чандин танку чархболро ба Артиши Тоҷикистон дода буд.

Мавзуъ

Кобулов: ҳаводиси Афғонистон вазъияти Тоҷикистонро мушкил месозад
Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд
Барчаспҳо:
ДОИШ, Замир Кобулов, Тоҷикистон-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ