23:35 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
320 0 0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба муовини вазири умури хориҷии Амрико барои кӯмак ба вазорат изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 3-юми феврал вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Амрико Генри Эншер ва намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон дидор ва мулоқот кардааст.

Рамазон Раҳимзода Генри Эншерро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди мутақобила, ки дар доираи Созишномаҳои баимзорасида амалӣ гардидаанд, арзи сипос кардааст.

"Вазорати корҳои дохилӣ пайваста бо сафорати ИМА дар ҳамкории хуб қарор дошта, барои кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷонибаашон изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар ин асно, чандин семинару тренингҳои омӯзишӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби мутахассисони сафорати ИМА амалӣ гардиданд", — гуфтааст Раҳимзода.

Муовини вазири умури хориҷии Амрико Генри Эншер дар навбати худ аз ҳамкориҳои судманд ва мусоидат намудану дастгириҳои роҳбарияти ВКД арзи сипос намуда, қайд кардааст, ки "мо ҳамеша омодаем, ки дар доираи созишномаҳои баимзорасида ва салоҳияти худ ҳарчи бештар барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои муосир кумак расонем".

Манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин ҷонибҳо масоили мубориза ботерроризм ва экстремизм, пешгирии ҷиноятҳои муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва машваратҳои методию амалӣ ҷиҳати мубориза зидди ҷинояткорӣиро баррасӣ кардаанд.

Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, дидор, мулоқот, Рамазон Раҳимзода, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ