Русия раҳбарони Афғонистонро барои ҳамоиш ба Маскав фаро мехонад

Обуна шудан
Раҳбарони баландпояи Афғонистон омода мешаванд, ки дар ҳамоиши байналмилалии амният дар Маскав ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Маскав ва Кобул барномаи сафари мушовири раисҷумҳури Афғонистон дар умури амнияти миллӣ, вазири умури дохила ва вазири таробарии он кишвар ба пойтахти Русияро баррасӣ ва ҳамоҳанг доранд, гуфт Замир Кобулов.

“Ҳафтумин ҳамоиши байналмилалии амният 4 – 5 апрел дар Маскав баргузор мешавад. Вазири дифоъи Афғонистон Ториқшоҳ Баҳромӣ барои ширкат дар ин ҳамоиш даъват шудааст. Ҳамчунин интизор дорем, ки мушовири раисҷумҳури Афғонистон дар умури амнияти миллӣ Муҳаммадҳаниф Атмар дар ҳамоиши коршиносону коргузорони амниятӣ, ки моҳи апрел дар Сочӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Вазири умури дохилии Афғонистон Вайс Аҳмад Бармак низ хостори ширкат дар ҳамоиши амниятии Маскав шудааст”, — тавзеҳ дод Кобулов.

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон омода аст дар таъмини амният ба Афғонистон ёрӣ расонад

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки барномаи сафари вазири таробарии Афғонистон Муҳамадҳамид Таҳмосӣ низ баррасӣ ва ҳамоҳанг мешавад.

“Интизор дорем, ки дар раванди сафари намояндагони баландпояи давлати Афғонистон ба Русия масоили мубрами равобити дуҷониба, аз он ҷумла масоили кумакрасонии мо ба сохторҳои қудратии Афғонистон ва ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат, баррасӣ шаванд”, — афзуд Кобулов.

Лентаи хабарҳо
0