00:06 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Рамазон Раҳимзода дар вилояти Суғд

Рамазон Раҳимзода милисаҳои Суғдро ба забономӯзӣ даъват кард

© Фото : Аз ВУД
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
249 0 0

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода курсантҳои Академияи ВКД вилояти Суғдро ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохила, Рамазон Раҳимзода ба факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, бо ҳайъати курсантони ин муассиса дидор кардааст.

Вазири корҳои дохилӣ ҳангоми машғулияти курсантони Академия бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, таваҷҷӯҳи онҳоро барои омӯхтани фанҳои муосири ҷаҳонӣ, забонҳои русию англисӣ ва аз худ намудани технологияи ҷадид ҷалб кардааст.

"Барои омӯзиши фанҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, он барои дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида ва соҳибкасб шудан мусоидат хоҳад кард",-гуфтааст вазир.

Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои созандагию бунёдкории баъзе аз қисмҳои факултети №4 Академия дидан карда, бо шароити муаҳайёгардида ошно шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Рамазон Раҳимзода сарбозони даъватҳои гуногунро ба муносибати бародарона, тифоқию муттаҳидӣ ва дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳидоят намудааст.

Барчаспҳо:
курсантҳо, забономӯзӣ, суҳбат, боздид, даъват, ВУД Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ