22:42 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Намояндагони ВКД дар Фаронса

Милисаи тоҷик дар Фаронса суханронӣ кард

МВД РТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Намояндагони ВКД Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи "Калкан"-и Интерпол "Дастовардҳо, корҳои амалишуда ва вазифаҳо барои соли 2018" ба шаҳри Леони Фаронса рафтаанд

ДУШАНБЕ, 29 мар— Sputnik. Дар ҷаласа намояндагони ВКД: сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ Ализода Анварҷон Ҷума ва сардори Шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Оев Толиб ширкат карда истодаанд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ҷаласаи Гурӯҳи кориро котиби кулли "Интерпол" Юрген Сток ҳусни оғоз бахшида, қайд кардааст, ки лоиҳаи "Калкан" намунаи беҳтарини ҳамкориҳои политсияи байналмилалӣ дар бисёр соҳаҳо мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласаи Гурӯҳи корӣ сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Анварҷон Ализода баромад намуда, гуфтааст, ки "таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо ва ҷинояткориҳои фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба он водор месозад, ки дар ҳамбастагию ҳамкорӣ бар зидди онҳо мубориза баранд".

Манбаъ афзуда, ки дар идомаи вохӯрӣ нақши "Интерпол" ва лоиҳаи "Калкан" дар самти таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим ва ҳалкунанда арзёбӣ гардида, барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи гурӯҳи корӣ тайи ду рӯз идома ёфта, дар он намояндагони Тоҷикистон, Шри-Ланка, Туркманистон, Украина, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Покистон, Ироқ, Ҳиндустон, Гурҷистон, Бангладеш, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Япония ва дигар давлатҳо фаъолона ширкат мекунанд.

Барчаспҳо:
суханронӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон, Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ