06:06 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Рамазон Раҳимзода дар Раёсати ВКД дар нақлиёт

Боздиди Рамазон Раҳимзода аз сохтмони Раёсати ВКД дар нақлиёт

© Фото : Аз ВКД
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
48210

Сохтмони Раёсати ВКД дар нақлиёт пурра таъмир гардида, саҳни ҳавлӣ бо тахтасангҳои мунаққаш оро дода шуда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаааст

ДУШАНБЕ, 16 апр— Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз корҳои ободонӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт боздид кардааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорат.

Гуфта мешавад, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Мирзоалӣ Комил Ҷумахон аз корҳои ободонию бунёдкории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт боздид кардаанд.

Сохтмони Раёсати мазкур пурра таъмир гардида, саҳни ҳавлӣ бо тахтасангҳои мунаққаш оро дода шуда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд.

Ҳамчунин ҳуҷраҳои корӣ, долони Раёсат ва толори маҷлисгузаронӣ аз сари нав таъмир гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ дар саҳни бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бо ҳайати шахсӣ ҳамсуҳбат гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ба кормандони милитсия дар нақлиёт як қатор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Пештар хабар дода шуд, ки чанде пеш Рамазон Раҳимзода бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дидору мулоқот кард.

Барчаспҳо:
боздид, Раёсати ВКД дар нақлиёт, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ