21:09 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Мактабе дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Мактабҳои Афғонистон баста мешаванд: аз дасти ҳамлаҳои "Толибон"

© Sputnik / Валерий Мельников
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Мактаб ва марказҳои таълимӣ то замони беҳтар шудани амният дар вилояти Фараҳ, пӯшида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати таълими Афғонистон рӯзи панҷшанбе роҷеъ ба пӯшида шудани тамоми мактаб ва коллеҷҳо дар вилояти Фараҳ эълом дошт, ки дар он ҷо қаблан ҷангиёни ҳаракати ифротгарои "Толибон" бо ҷузву томҳои артиши давлат муқобилияти мусаллаҳонаро аз нав шурӯъ кардаанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Пажвок.  

Тибқи иттилои вазорат, ин иқдом барои ҳифзи талабагону донишҷӯён ва муаллимону устодон андешида шудааст.

Мактаб ва марказҳои таълимӣ то замони беҳтар шудани амният дар вилоят, пӯшида хоҳанд шуд, шарҳ дода мешавад дар эъломияе, ки ба он оҷонсӣ истинод меоварад.

Пештар дар бораи ҳамлаи густурдаи толибон ба вилояти Фараҳ хабар дода шуд. Рӯзи сешанбе тақрибан ду ҳазор ҷангҷӯёни ҳаракати ифротгарои "Толибон" ба ноҳияҳои вилоят ва маркази маъмурии он шаҳри Фараҳ ҳамла кардаанд.

Дар рафти задухурдҳои мусаллаҳона зиёда аз 300 ҷангии толиб ва 25 намояндаи сохторҳои қудратӣ давлат, кушта шуданд.

Шаби панҷшанбе толибон ҳамлаҳои нави худро ба самти нерӯҳои амниятии Афғонистон оғоз карданд. Илова бар ин, се террористи худкӯш дастгоҳҳои инфиҷориро дар наздикии идораи пулис ва биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Фараҳ, ба кор дароварданд.

Барчаспҳо:
баста шудани мактабҳо, "Толибон", Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ