05:46 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Марзбон, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон мушкилоти марз бо Афғонистонро тавзеҳ дод

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Фармондеҳи Қушунҳои марзии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам вазъ дар марзи Тоҷикистон Афғонистон муташанниҷ аст. Ба гуфтаи вай далели ин қазия ҷойгир шудани ҷангиёни гурӯҳҳои террористии ДОИШ (мамнӯъ дар ҶТ) дар минтақа аст

ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Дар робита бо ҳузури ҷангиёни ҳаракати "Толибон", "ДОИШ" (мамнӯъ дар ҶТ) ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, вазъ дар давлати ҳамсоя низ мураккаб ва муташанниҷ боқӣ мемонад, эълом дошт фармондеҳи қушунҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

"Аз сабаби ҳузури ҷангиёни ҳаракати "Толибон", "Давлати исломӣ", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ", "Ал-Қоида" ва ғайра вазъ дар кишвари ҳамсоя мураккаб ва муташанниҷ боқӣ мемонад. Ин ҳама ба масоили марзӣ бо Афғонистон таъсири манфӣ нарасонида наметавонад", — мегӯяд вай.

Ба иттилои РИА Новости, фармондеҳи тоҷик таъкид кардааст, ки  вазъ дар марз бо Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзудааст,  "Стратегияи миллии идоракунии марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки солҳои 2010-2025 қабул шудаасту, барои мусоидат бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар робита ба баланд бардоштани потенсиали коршиносии хизматчиён дар постгоҳ ва гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ироа шудааст, бомуваффақият иҷро мегардад.

Ӯ қайд кард, ки бо пешниҳоди раиси КДАМ ва бо дастгирии сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои тақвияти муҳофизати марзи давлатии бахшҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, дар назди отрядҳои марзбонӣ шӯъбаҳои таъйиноти махсус таъсис дода шудааст.

"Ман метавонам яқинан гӯям: марзбонҳои тоҷик ба таври қатъӣ амал хоҳанд кард. Ҳеҷ гуна сустӣ, берун аз меъёрҳои мазкур, бо равишу усулҳои қабулшуда амал мекунанд", — эълом доштааст вай.

Ҳамасола рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ҷашни ҳирфаии ҳайати шахсии Қӯшунҳои марзии КДАМ, баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
вазъ дар Афғонистон, марз, КДАМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ