19:45 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Раиси КДАМ Тоҷикистон

Саймумин Ятимов ба Покистон сафар кард

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
8820

Зимни музокирот масъалаҳои таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар соҳаи амният, роҳҳои ба эътидол овардани вазъи низомию сиёсӣ дар минтақа, мусоидат дар таъмини суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ муҳокима гардиданд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо як ҳайати корӣ ба Покистон сафар кард, хабар доданд аз дафтари матбуотии кумита.

Бино бар иттилои манбаъ, Ятимов дар доираи сафараш ба Покистон  бо Мушовири Сарвазири ин кишвар оид ба масъалаҳои амниятӣ Носир Хон Ҷанҷуа, Сардори артиш Қамар Баҷва ва роҳбарони дигар ниҳодҳои қудратӣ дидору мулоқот анҷом дод.

"Зимни музокироту гуфтушунидҳо масъалаҳои таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар соҳаи амният, роҳҳои ба эътидол овардани вазъи низомию сиёсӣ дар минтақа, мусоидат дар таъмини суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва монанди инҳо, муҳокима гардиданд, — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷониби Покистон ҳамчун яке аз кишварҳои аз лиҳози низомӣ қудратманд, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таҷрибаи бой андӯхтааст, изҳор дошт, ки бо мақомотҳои низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ҳар ду кишвар ва минтақа дар вобастагӣ бо зуҳуроти нави геополитикӣ, хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард.

Дар ин мулоқот оид ба самтҳои умдаи муносибатҳои дуҷониба, таъмини бехатарии тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту энергетика, ҳамкориҳои минтақавӣ, мувофиқати комили мавқеъҳои ҳар ду ҷониб таъкид гардид.

Мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ки барои вусъати тоза бахшидани муносибатҳои шарикона дар шароити кунунӣ ва оянда мусоидат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
сафар, амният, Саймумин Ятимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ