Ҳукми Сиддиқов барои "кофир" хондани раисҳо ва қасди кушодани масҷид

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Турсунзода Қаюм Сиддиқов, собиқ маҳбусро барои "кофир" хондани мақомдорони тоҷик ва даъвати мардум барои кушодани масҷиди басташуда ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik.Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Сиддиқов қаблан низ барои қочоқи маводи мухаддир ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст, аммо хулосаи зарурӣ набароварда боз даст ба қонуншиканӣ задааст.

Бар асоси парванда, Сидиқов Қаюм моҳи декабри соли 2017 дар манзили истикоматии бародараш-Сидиқов Минҳоҷиддин Шералиевич, вокеъ дар деҳаи Нуристони шаҳри Турсунзода, ҳангоми баргузории маъракаи «садақа» бо мақомдорони маҳалла баҳс кардааст.

Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол дар масҷид: рафтори Холдоров корбарони фейсбукро ба хашм овард

"Сиддиқов дидаю дониста, ки бо қарори раиси Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода  масҷиди панҷвақтаи деҳаи Нуристон бинобар сабаби ғайриқонунӣ фаъолият карданаш ба ҷои ҷамъиятӣ табдил дода шуд,  бартарии ҳудро нисбат ба дин нишон дода, дар ин ҷода бо раиси кумитаи маҳаллаи Нуристон, Мирзоев Маҳрам Холиқович ва имоми деҳаи мазкур, Содиров Мамаюнус Мамараҳимович баҳс намудааст. Сиддиқов раиси ҷамоати 10-солагии Истиқлолият, Раиси шаҳри Турсунзода ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро барои манъ намудани намозгузорӣ дар масҷиди номбурда «кофир» номида, бо ин роҳ дар байни иштирокчиён барангехтани кинаю адовати динӣ ва тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба динро ба амал овард", — омадааст дар иттилоияи Додситонии кул.

Саидмукаррама Абдулқодирзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода: шумораи масҷид дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба 4 ҳазор расид

Ба иттилои додситонӣ Сиддиқов бинобар сабаби таассуби баланди динӣ доштанаш, 5 феврали соли 2018 дар маҷлиси сокинони деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, бори дигар қатъ  кардани фаъолияти масҷиди номбурдаро беасос  шуморидааст.

"Мо бояд барои кушодани масҷид ҳаракат кунем", — изҳор доштааст Сиддиқов.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ чунин суханронии беасос ва ғайриқонунии Сиддиқов боиси ноором гардидани вазъи маҷлис ва безобитагии иштирокчиёни он гардидааст.

Ниҳоят додситонӣ таъкид намудааст, ки нисбати Сиддиқов бо  моддаи 189, барангехтани кинаю адоват ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ парванда боз шуда, моҳи июни соли равон бо ҳукми додгоҳ ба се соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардид.

Лентаи хабарҳо
0