13:39 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Ҳашари оташнишонҳои тоҷик барои ҷилавгирӣ аз сӯхтор дар атрофи Қасри Миллат

Талаботи вазир: алафҳои хатарнок аз атрофи Қасри Миллат канда шуданд

дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
448 0 0

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи тағйирёбии иқлиму гармии аз меъёр зиёд, инъикоси нурҳои офтоб аз шишапораҳо боиси оташ гирифтани алафҳои хушки талу теппаҳо мегардад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот таъкид намудааст, ки агар яке аз сабабҳои сӯхтори ҷангалзорҳо, боғу бустонҳо ва алафҳои хушки талу теппаҳову оромгоҳҳо гармии ҳаво бошад, сабаби асосии дигари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз тарафи роҳбарону масъулони онҳо мебошад.

"Ҳамасола, баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ба роҳбарону масъулони тамоми корхонаву иншоот ва хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун, амрномаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ супорида мешаванд, аммо роҳбарон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд", — омадааст дар иттилоияи Хадамоти оташнишонӣ.

Ба иттилои манбаъ дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ ва пешгирӣ аз сӯхтор, тибқи талаботи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон  оташнишонҳои тоҷик бо иштироки сардорашон, генерал Нозимҷон Иброҳимзода ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.

Манбаъ афзуд, ки оташнишонҳо алафҳои хушки канори роҳҳои автомобилгард, арчазорҳои назди Наврӯзгоҳи пойтахту Қасри миллатро пурра тоза карданд.

"Тамоми кормандони Мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона иштирок намуданд, хеле ҳам шоду хушҳол аз он буданд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии хизматии худ, инчунин тавонистанд, ки дар ободу зебогардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳми азрзандаи худро гузоранд", —омадааст дар иттилоияи Хадамоти оташнишонӣ.

Барчаспҳо:
сӯхтор, пешгирӣ, ҳашар, оташнишонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ