17:52 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
32400

Мутахассисони умури сайёҳии ИМА ва Аврупо Тоҷикистонро барои сайру сайёҳат хатарнок намедонанд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тавре "The Washington Post" навиштааст, террори Данғара, ки марги 4 шаҳрванди ИМА ва Аврупоро дар пай дошт, назари мутахассисонро дар бораи амнияти сайёҳон дар ин кишвар тағйир надодааст.

"Амрикоиҳо набояд аз сайр дар ин кишвар худдорӣ кунанд", — навиштааст рӯзномаи маъруфи ИМА ва аз қавли мутахассисон таъкид намудааст,  шаҳрвандоне, ки қаблан аз Тоҷикистон боздид накардаанд, дар бораи амнияти кишвар тасаввури нодуруст доранд.

Скот Стюарт, ноиби президенти ширкати "Stratfor Скотт Стюарт" дар масоили таҳлили стратегӣ, изҳор доштааст,  ки баъди террори Данғара,  дар Тоҷикистон таҳдид ба ҳаёти сайёҳон бештар нашудааст.

"Қабл аз ҳамла амнияти террористӣ дар дохили Тоҷикистон миёна баҳогузорӣ шуда буд ва феълан ҳам дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст", —изҳор доштааст Стюарт.

Дермот МакУард, молики ширкати бритониёии "Redspokes Adventure Tours", ки ба ташкили сайри дучархасаворон дар масири Помир машғул аст, изҳор медорад, амният баъди ҳамла бештар мавриди таваҷҷуҳи маъмурин қарор гирифт ва Тоҷикистон амнтар аз қабл мебошад.

Ӯ изҳор доштааст, ки қабл аз фоҷеаи Данғара 18 шаҳрванди ИМА сафар ба Тоҷикистонро тарҳрезӣ карданд ва баъди ин амали террористӣ танҳо ду нафарашон аз  сафар худдорӣ карданд.

Пол Стронский, масъули барномаи "Русия ва АвруОсиё"-и фонди "Carnegie Endowment for International Peace" мегӯяд, баръакс Осиёи Миёна аз ҷумла амнтарин минтақа барои сайёҳони мустақил мебошад.

Пол Стронски таъкид намудааст, ки Тоҷикистон аз нишондоде, ки бар асоси раддабандии ИМА хатарнок мебошад, хеле дур аст.

Мутахассисони сайёҳӣ баробари маслиҳат барои боздид аз Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон бояд эҳтиёткор буд, чун дар қаламрави он кишвар  нерӯҳои террористӣ амал мекунанд.  

Барчаспҳо:
сайёҳат, дучархасавор, амният, Тоҷикистон-Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ