10:39 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Размоиши ҳарбӣ, акс аз бойгонӣ

Фармондеҳи узбак: агар бо тоҷикон муттаҳид бошем, хатаре ба мо таҳдид намекунад (ВИДЕО)

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
150110

Руслан Мирзоев, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Узбакистон, дар пайи нахустин размоиш бо ҳамтоёни тоҷик гуфт, агар ин ду халқи бародар муттаҳид бошанд, ҳеч таҳдиде ба амнияти кишварҳо вуҷуд нахоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Мирзоев дар ҷамъбасти размоиши муштарак бо марзбонҳои Тоҷикистон гуфт, вақте мо иттиҳоду ягонагиро нишон медиҳем, ба амнияту истиқлолияти ду халқи бародар ҳеч хатаре таҳдид намекунад.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, низ размоишро ҳодисаи таърихӣ ва оғози марҳилаи нави муносибатҳо хонда, афзуд, ки дар мавриди муносибот бо ҳамдигар бояд аз роҳбарони ду кишвар пайравӣ кунем. Изҳороти фармондеҳон ва ҷараёни размоишро UzNews.uz гузориш додааст.

 

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон размоиш дар мавзеи пайвасти сарҳадҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритӯс, таҳти унвони "Ҷайҳун 2018" алайҳи ҷангҷӯён аз ҷониби Афғонистон баргузор гардид.  Ба гуфтаи манбаъ, ҳадаф аз баргузории тамринҳои муштарак таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон бо назардошти вазъ дар ин кишвар, ҳамчунин пешгирии таҳдидҳои беруна барои Тоҷикиситону Узбакистон мебошад.

Дар размоиш техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, авиатсияи ҳарбӣ-нақлиётӣ, қаиқҳои сарҳадии посбонӣ ва дигар таҷҳизоти ҷангӣ истифода шудаанд.

 

Барчаспҳо:
тоҷику узбак, тоҷикон, марз, фармондеҳ, размоиш, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ