13:13 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Марзбон, акс аз бойгонӣ

Боз террор? "Нива"-и ҳомили 3 сокини Фархорро парондаанд

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
680 0 0

Мошини "Нива"-и ҳомили се сокини ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳамлаи мазкур ҳадди ақал ду кушта барҷой гузошта, феълан роҳбарияти мақомоти амнияти миллӣ ва умури дохилӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Расонаҳои Тоҷикистон аз қавли манобеи худ навиштаанд, ки "Нива" баъди зуҳри 26 август дар ҳоли ҳаракат дар наздикии марз бо  Афғонистон ҳадафи тирпаронӣ,  аз ҷумла бо "гранатамёт" қарор гирифтааст. Дар мавриди шеваи ҳамла итилои зиддунақиз нашр шудааст. Бар асоси бархе аз манобеъ ҳамла аз он тарафи марз сурат гирифтааст.

Аз афроди ҷабрдида, сокинони оддии Фархор ном бурда мешавад, ки дар идораи ҷангал кор мекардаанд.

Феълан мақомоти Тоҷикистон шарҳи расмиеро дар ин бора ироа накардаанд.

Қаблан мақомоти тоҷик ва Русия аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон, наздикии марз бо Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд.

 

Барчаспҳо:
ҷангалбонҳо, тирпаронӣ, ҳамла, ҳалокат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ