08:51 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Таъсиси ниҳоди нави амниятӣ дар назди раисиҷумҳур

© Пресс-служба президента РТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
304420

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун "Дар бораи амният" ниҳоди нави амниятиро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи тағйироти тасвибшуда дар Тоҷикистон дар сохтори дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур котиботи Шӯрои амният таъсис меёбад.

Котибот ба таъмини фаъолияти Шӯрои амнияти Тоҷикистон машғул шуда, дар тобеияти дастгоҳи раисиҷумҳур мебошад.

Муқаррарот дар бораи котиботи Шӯрои амният бевосита аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон бо пешниҳоди дастгоҳи иҷроия ба тасвиб расонда мешавад.

Тағйироти мазкур дар ҳоле сурат мегиранд, ки масоили амниятӣ дар Тоҷикистон ба мавзӯи ҳассос табдил ёфта, дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, ниҳоди нав, котиботи Шӯрои амният, амният, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ