10:11 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Суҳбати раисҷумҳур дар Ванҷ: аз ифротгароии сокинон то низоъ дар интернету хоҷаҳои хориҷӣ

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
100710

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ванҷ ҳушдор додааст, ки доираҳои алоҳидаи манфиатҷуй бо истифода аз васоити ахбори омма, бахусус шабакаҳои интернетӣ дар байни мардум, махсусан наврасону ҷавонон ва ҳатто миёни кишварҳо низоъ ангехта истодаанд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷангҳои дохиливу мазҳабӣ ва амалҳои даҳшатноки террористиву ифротгароёнаро зикр кардааст, ки тайи чанд соли охир дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ идома доранду  боиси марги ҳазорон нафар ва сарсону овора шудани миллионҳо сокинони кишварҳои гуногун гардидаанд.

"Мутаассифона, дар фаъолияти чунин гурӯҳҳои харобкори террористиву ифротгаро бо сабаби бесаводиву пастии маърифат иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ванҷ низ шариканд", — таъкид намудааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолон, падару модарон, хешу табори чунин ҷавонон ва шахсони соҳибтаҷрибаву обрӯманд даъват намудааст, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд,

"Онҳоро насиҳат кунанд, ки ояндаи хешро бо ваъдаҳои дурӯғи таблиғгарони хориҷӣ насӯзонанд, фарзандонашонро ятим накунанд, падару модаронашонро шармандаву шармсор насозанд ва ба номи неки миллати тоҷику давлати тоҷикон иснод наоранд", — изҳор доштааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз ободкориҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ суҳбат карда, дар охир изҳори боварӣ намудааст, ки сокинони қавиирода ва меҳандӯсту сарбаланди ноҳияи Ванҷ ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ дар оянда низ барои ободии диёри зебояшон ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Барчаспҳо:
Ванҷ, раисиҷумҳур, интернет, низоъ, ифротгароӣ, мулоқот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ