16:11 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Андрей Новиков, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ, акс аз бойгонӣ

Генерал-полковник Новиков: “ДОИШ” дар Осиёи Марказӣ хилофат сохтанист

© Sputnik / Евгений Биятов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
383 0 0

Генерал-полковник Андрей Новиков, роҳбари маркази зиддитеррористии ИДМ мегӯяд, “ДОИШ” талош дорад, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои хилофатро ташкил диҳад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ин нуктаро Новиков дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар ҳошияи тамрини байналмилалии  “Антитеррор – 2018” дар Қирғизистон баён дошт.

Новиков изҳор доштааст, ки ба далели ҳифзи ноустувори марз бо Афғонистон силоҳ дар Осиёи Марказӣ паҳн шуда истодааст ва аъзои ба истиллоҳ “хуфта”-и “ДОИШ” метавонанд дар минтақа фаъол шаванд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар доираи размоиш тамаркуз ба хатару мушкилоти воқеӣ мешавад, ки таҳдид ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Роҳбари маркази зиддитеррористии ИДМ аз ҷумлаи таҳдидҳои воқеӣ, талоши “ДОИШ”-ро барои ташкили пойгоҳҳои хилофат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонд, ки ба гуфтаи ӯ мақомоти махсуси кишварҳои ИДМ роҳҳои мубориза бо онро такмил хоҳанд дод. Ӯ афзуд эҳтимоли ташкили пойгоҳҳои хилофат аз ҳисоби фаъолсозии аъзои хуфта ва силоҳи паҳншуда дар Осиёи Марказӣ ба хатари воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар размоиши байналмилалии “Антитеррор -2018”, ки феълан дар Қирғизистон идома дорад, намояндагони Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон,  Узбакистон, Қазоқистон ва Белорус иштирок доранд.

Барчаспҳо:
размоиш, ҳамдастӣ бо ДОИШ, ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ