09:40 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Низомиёни Тоҷикистон

Нигаронии Ятимов аз хатарҳои нав ва пешниҳоди низоми ҷадиди амниятӣ

Amir Isaev
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
104910

Саймуъмин Ятимов гуфт, алайҳи таҳдиду чолишҳои нав, ки аз Афғонистон бармеоянд, бояд низоми ҷадиди амниятӣ роҳандозӣ гардад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.  ИМА ба Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон техникаю таҷҳизоти нав ба маблағи 8 миллион доллари амрикоӣ ироа кардааст

Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба марзбонони тоҷик дар ҳузури генерал-полковник Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ техника барои сохтмон, воситаҳои нақлиёт барои дидбонӣ, кашофӣ, расондани кӯмаки тиббӣ ва интиқоли низомиён ироа гардид.

 

Тибқи иттилои РИА Новости, Саймуъмин Ятимов дар маросими қабули техникаи ҷадид изҳор доштааст, ки ваъи номуътадили Афғонистон ва фаъолшавии “Толибон” дар навоҳии наздимарзӣ бо Тоҷикистон муносибати нави консептуалиро алайҳи паҳншавии маводи мухаддиру терроризм талаб мекунад.

Ӯ бо таассуф изҳор доштааст, ки маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо таҳдиду чолишҳои нав, ки аз Афғонистон бармеоянд, кофӣ нестанд.

“Барои истодагарӣ дар баробари таҳдидҳо аз Афғонистон бояд низоми нави таъмини амният фароҳам шавад, ба низомҳои ҷадиди ҳифзи марз гузарем, ки гуруҳҳои мобилии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосирро дар бар мегиранд”, - изҳор доштааст Ятимов.

Саймуъмин Ятимов аз он зикр кардааст, ки бо кӯмаки ИМА қад-қади марз бо Афғонистон низоми муосири алоқа фароҳам гардида, сохтмони иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла таъмири Маркази алоқа анҷом дода шуд.

Соли гузашта сафорати ИМА ба Тоҷикистон воситаҳои алоқа ва нақлиёт ба маблағи 6 миллион доллар тақдим карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ