22:04 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Хоруғ, акс аз бойгонӣ

Кумитаи амният: аз вонамуди саркардаҳои ҷиноии ВМКБ то задухӯрд дар Поршнев (ВИДЕО)

© Wikimedia
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
271301

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, саркардаҳои ҷиноӣ дар ВМКБ вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта баргаштаанд ва сарфи назар аз мусодираи силоҳи зиёд ҳанӯз ҳам яроқ дар дасти афроди алоҳида қарор дорад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. КДАМ бо нашри як гузориш дар барномаи ҷадиди  “Ахбор”, аз дақиқаи 6 то 12 -ум,  тариқи шабакаи аввал изҳор дошт, ки ВМКБ аз рӯи ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ дар ҷои якум меистад.

Кумитаи амният дар ин гузориш таъкид намудааст, ки саркардагони аъзои гуруҳи ҷиноятӣ манфиатҳои шахсии худро боло донистанд ва идаояшонро дар мавриди бозгашт ба ҳаёти осоишта зери суол бурдааст.

“Дар як вақт гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ чунин вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта гузашта, дар доираи қонун зиндагӣ мекунанд”, - изҳор доштааст Кумита ва афзудааст, ки далели ошкоршуда дар рӯзи 2 октябр ин даъвоҳоро ботил месозад.

КДАМ иттилоъ додааст, ки 2 октябр қочоқи миқдори зиёди силоҳ ва мухаддирот ба ноҳияи Шуғнонро пешгирӣ кард.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи амалиёт ва задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода бурда, фирор карданд. Ин ниҳод афзудааст, ки аз ҷои ҳодиса 2 борхалта -  4 автомати Калашников ва 25 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 10 кило героин мусодира шудааст.

“Барои муайян кардани шахсияти нашъаҷаллобон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, - таъкид намудааст КДАМ. 

Ин ниҳод афзудааст, ки дар пайи эродҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ВМКБ Ситоди байниидоравӣ барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва коҳиши шиддати ҷинояткорӣ дар бахши маводи мухаддиру силоҳ ташкил гардида, фаъолият дорад.

КДАМ таъкид намудааст, ки то ҳол силоҳи зиёде супорида шудааст, аммо ҳанӯз ҳам дар дасти ашхоси алоҳида яроқ боқӣ мондааст, аммо мушахассан аз нафаре ном набурдааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки танҳо дар солҳои 2016 - 2017 дар ВМКБ чор ҷинояти куштор бо истифодаи силоҳи оташфишон содир шудааст, ки дар натиҷа кӯдакону ҷавонони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд.

Кумитаи амният афзудааст, ки дар ВМКБ, тайи 5 сол зиёда 1500 силоҳ мусодира шуда, бо ҷурми ин ҷиноятҳо 235 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод дар вилоят  714 нашъаманд ба қайд гирифта шуда, тайи 10 сол 196 мубталои нашъамандӣ, аз ҷумла  57 нафар дар соли 2018 ба ҳалокат расидаанд.

Теъдоди феълии мубталоёни СПИД дар ВМКБ 619 нафар арзёбӣ шуда, ба гуфтаи Кумитаи амният тайи  10 сол 268 нафар, аз ҷумла дар соли 2018, 12 мубталои ин беморӣ фавтидаанд.

Кумитаи амният изҳор медорад, ки нашъаҷаллобон бо вуҷуди аз даст додани хешу табор, дӯстон ва ҳамдеҳагони зиёд ҳанӯз аз ин корашон даст накашидаанд.

КДАМ аз сокинони ВМКБ даъват намудааст, ки даст ба дасти ҳам алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ мубориза буранд, то талафоти минбаъда пешгирӣ гардад, чун пагоҳ дер мешавад.

Дар ҳамин ҳол сокинони ВМКБ изҳор медоранд, ки барои таъмини амнияту қонуният ҳамаи табақаҳои ҷомеа фаъол мебошад. Бархе аз сокинони ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён доштаанд, ки масоили марбут ба ҷинояткорӣ дар вилоят тариқи ВАО муболиға мешаванд ва тамоми табақаҳои ҷомеа барои таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат фаъолият доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ