Ду паёми Ёдгор Файзов ва парокандашавии ҷамъомадагон дар Хоруғ (ВИДЕО)

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси ВМКБ ба назди эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ баромада, ваъда дод, ки ҳақиқати ҳоли тирпаронии шаби 4 ба 5 ноябрро ошкор хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Гуруҳи сокинони Хоруғ, ки имрӯз бо талаби муҷозоти гунаҳкори тирпаронӣ дар маркази шаҳр гирди ҳам омада буданд, баъди изҳороти раис, ки таҳқиқи қазияро зери назорат мегирад, хона ба хона пароканда шудаанд.

Торжественная встреча Эмомали Рахмона в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷашни бузург дар Хоруғ

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси ВМКБ ба ҷамъомадагон гуфтааст, барои таҳқиқи тирпаронии шаби 4 ноябр комиссияи махсус ташкил мегардад.  Бо пешниҳоди раиси ВМКБ дар назар аст, ки иштирокдорони қазия дар идораи милиса рӯбарӯ мешаванд, фарзияи ҷонибҳо шунида ва асли қазия таҳқиқ мегардад. Масъулин ба ҷамъомадагон изҳор доштаанд, ки тайи рӯзҳои наздик хулоса ироа хоҳад шуд.  

Файзов дар мавриди фаъолияти дидбонгоҳҳо иттилоъ додааст, ки онҳо то таъмини комили амният боқӣ хоҳанд монд.

Пеш аз зуҳри имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо нашри як муроҷиатномаи кӯтоҳе аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ба фаъолияти дидбонгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ монеа эҷод накунанд.

Ҳукумати ВМКБ бо нашри ин муроҷиатнома ба сокинони маҳаллӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати халал расондан ба фаъолияти дидбонгоҳҳо аз тарафи кормандони БДА чораҳои амалӣ нисбати қонунвайронкунандагон татбиқ карда мешаванд.

Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон Хурсанд Мазоровро дар тирпаронии шаҳри Хоруғ айбдор кардааст

Ин даъвату ҳушдор дар ҳоле буд, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамоиши эътирозии даҳҳо нафар дар Хоруғ навор нашр гардид. Бар асоси ин наворҳо, Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ ба назди ҷамъомадагон баромада, бо оромӣ доди онҳоро шунид.   

Модаре дар ин ҳамоиши эътирозӣ ба Ёдгор Файзов аз амали корманди пулис шикоят кард.   

“Фарзандамро паронданд, агар гунаҳкор бошад, мегӯям марҳамат баред. Аммо ӯро дар пеши ман паронданд, имрӯз ӯро паронданд, фардо нафари дигарро мепаронанд. Мегӯям, барои чӣ, посух доданд, ки мо ҳақ дорем. О чӣ хел ҳақ дорӣ? Мо ба кӣ муроҷиат кунем, касе ба доди мо намерасад”, - изҳор дошт ин зане, ки мегӯяд фарзандашро корманди полис парондааст.

Ёдгор Файзов дар посух изҳор дошт, ки дар гузоришҳое, ки ба ӯ дар мавриди ин қазия ироа шудааст, рафти ҳодиса ба таври дигар, комилан баръакс шарҳ дода шудааст. Ӯ мегӯяд, барои ошкор кардани ҳақиқати ҳол бояд шоҳидон, тирхӯрдаҳо якҷо ба мақомот раванд ва воқеиятро маълум кунанд.

Гуруҳи ҷамъомада талаб доштанд, ки ҳақиқати ҳол ошкору гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ситод байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон ахиран бо нашри як гузориши телевизионӣ гуфт, ки шаби 4 ноябр дар назди посгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ гуруҳи ҷавонони ин маҳалла, иборат аз 5 нафар ба мошини хидматии роҳбари посгоҳҳои доимии БДА мақсаднок ҳамла карда, кӯшиши эҷоди монеа ба фаъолияти хизматии ӯ ва ноором кардани вазъи ҷамъиятии шаҳри Хоруғ намуданд.

Мақомот шарҳ додаанд, ки баъд аз ҳамла ба худрави хизматии сардори постгоҳ, пулис маҷбур шуд, ки ба сӯи ҳамлагарон аз силоҳҳои махсус бо тирҳои резинӣ оташ кушояд. Мақомот масъулияти ин қазияро ба дӯши Хурсанд Мазоров гузоштанд, ки аз саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ дар Хоруғ ном бурда мешуд.

Дар натиҷа амали онҳо пешгирӣ гардида, ин гурӯҳи ҷавонон ба самти номаълум фирор карданд.

Лентаи хабарҳо
0