Сипоси мудири ФБР аз додситони кулли тоҷик барои баррасии қазияи Данғара

© Генеральная прокуратура Республики ТаджикистанГенеральный прокурор Республики Таджикистан с директором ФБР США
Генеральный прокурор Республики Таджикистан с директором ФБР США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кристофер Рэй, мудири Бэрои федералии тафтишотии Амрико (ФБР) аз додсони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон барои баррасии қазияи куштори гардишгарон дар Данғара сипосгузор шуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Вашингтон бо мудири ФБР Кристофер Рэй мулоқот кард, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Дар мулоқот мудири ФБР аз додстони тоҷик барои баррасии қазияи куштори гардишгарон дар Данғара изҳори сипос кардааст.

"Зимни мулоқот мудири Бюрои федералии тафтишотии ИМА миннатдории худро барои ҳамкорӣ дар раванди тафтишоти амали террористӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар кишвар рух дода буд, баён намуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни додситонӣ ва ФБР, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

Кристофер Рэй ва Юсуф Раҳмон изҳор доштан, ки ба густариши ҳамкориҳо омодаанд.

Ёдрас мешавем, 29 июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд муттаҳам ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 гардишгар кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0