12:56 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Сотрудники подразделений специального назначения, архивное фото

"Боздошти ҷангиёни ДОИШ дар Душанбе, ки пойгоҳи низомии 201-умро таркониданӣ буданд"

© Sputnik / Александр Вильф
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Дар Душанбе 12 нафарро ба иттиҳоми тарҳрезии нақшаи инфиҷор дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба иттилои расонаҳо, дар Тоҷикистон 12 нафар пайравони гурӯҳи террористии ДОИШ дастгир шудаанд, ки мехостанд бо супориши гурӯҳи террористӣ дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Душанбе ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.

Ба иттилои ТоҷикТА, муттаҳамонро мақомоти амниятии кишвар 4 ноябр дастгир карда буданд.

"Гурӯҳи мазкурро 4-уми ноябр дастгир карданд. Ин гурӯҳро Сӯҳроб ном ҷавоне аз ноҳияи Ваҳдат роҳбарӣ мекардааст. Ӯ пештар дар Қирғизистону Эрон қарор дошта, сипас ба воситаи марзи Туркия ба Сирия гузашта, дар амалиётҳои ҷангии ДОИШ ширкат варзидааст", - менависад манбаъ.

Тафсилоти бештари ҳодиса хабар дода намешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ