12:40 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото

Котибони Шӯрои амнияти Русияву Тоҷикистон вазъият дар марз бо Афғонистонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев ҳангоми мулоқот дар Маскав, масъалаи таъкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Русия  Николай Патрушев бо ҳамтоҳояш аз кишварҳои ҳамсуд мулоқотҳои дуҷониба барпо намуданд, хабар додааст дафтари матбуотии Шӯрои амнияти Русия.

Масалан, Патрушев бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров масъалаи таъкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ карданд. Ғайр аз ин ҷонибҳо нақшаи ҳамкориҳои Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2020 ба имзо расониданд.

Масъалаи ҳамкориҳо дар чаҳорчубаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Созмони паймони ҳамкориҳои дастаҷамъӣ (СПАД) арзёбӣ гардиданд.

Барчаспҳо:
баррасӣ, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ