06:19 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Министр обороны Таджикистана и офицеры силовых структур, архивное фото

Шералӣ Мирзо пойгоҳи низомии Русияро кафолати субот дар Осиёи Марказӣ номид

© Sputnik Stringer
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Командири навтаъини пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шиносоӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Роҳбари ситоди Округи марказии ҳарбӣ генерал-лейтенант Евгений Устинов бо вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар Душанбе мулоқоти корӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти округ.

"Ҷонибҳо масоили мубрами амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва чорабиниҳои омодагии муштараки қисмҳои низомии Тоҷикистон ва пойгоҳи 201-умро дар давраи нави машқӣ, ки аз моҳи декабр сар мешавад, баррасӣ карданд. Дар рафти мулоқот генерал Устинов ба вазири мудофиа командири навтаъни пойгоҳи ҳарбиро шиносоӣ кард", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қайд карда мешавад, ки Шералӣ Мирзо пойгоҳи низомии Русияро кафолати субот дар Осиёи Марказӣ номид. Ӯ ҳамчунин  ба роҳбарияти округ барои кӯмак дар омода кардани мутахассисон ба қуваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ кард. Шералӣ Мирзо хидмати низомиёни русро дар бартараф кардани пайомадҳои ҳодисаҳои нохуши табиӣ махсус қайд кард. 

Мавзӯъҳои асосӣ