12:02 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Низомиёни Узбакистон, акс аз бойгонӣ

Нота ба ҳамсоя: Узбакистон омодагии ҷангии артишашро месанҷад

© минобороны Узбекистана
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
897 0 0

Узбакистон бо ирсоли як нота аз нияташ барои санҷиши омодагии ҷангии нерӯҳои низомӣ иттилоъ дода, ҳамсояҳоро огоҳ кардааст, ки ин иқдом алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи нотаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, санҷиши омодагии ҷангии артиши ин кишвар 26 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ дод, ки нотаи ҷониби Узбакистонро дарёфт кардааст.

Узбакистон дар нотааш таъкид намудааст, пойбанди уҳдадориҳои қаблияш дар назди кишварҳои дигар буда, санҷиши омодагии ҷангии артиш алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст.

“Ҳадафи санҷиш баҳогузории омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон мебошад”, - омадааст дар нотаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар.

Қирғизистон таъкид намудааст, ки тамоми сохторҳои дахлдорро аз ин иқдоми Узбакистон огоҳ кардааст. Дар мавриди он, ки оё Узбакистон ҷониби Тоҷикистонро низ аз ин нияташ огоҳ кардааст ё не, феълан иттилое расонаӣ нашудааст. 

Мавзӯъҳои асосӣ