13:43 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон, Ятимов ва генералҳои дигар мубориза бо саркардаҳои гуруҳи ҷиноиро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента РТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2505 0 0

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини қатъии қонуният дар кишварро талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилоия ва аксе, ки дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷараёни ҷаласаи Шӯро нашр намудааст, дар кори он, Саймуъмин Ятимов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии раисиҷумҳур дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, масъулини Вазорати умури дохилӣ, Ожонси мубориза бо фасод, Ожонси назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа ду мавзӯи асосӣ баррасӣ гардидаанд, ки яке аз онҳо мубориза бо саркардаҳои гуруҳҳои мутшаккили нашъаҷаллоб ва қатъи фаъолияти онҳо мебошад. Мавзӯи меҳварии дуюм таҳкими ҳифзи марзи гумрукии Тоҷикистон будааст, то аз қочоқ ва воридоти маҳсулоти пастсифат ҷилавгирӣ гардад.

“Дар ҷаласаи Шӯро,  ду масъала - вазъи мубориза бо қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, алалхусус қочоқ ва воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар самти ошкору қатъ намудани фаъолияти саркардагони гуруҳҳои муташаккили нашъҷаллоб мавриди баррасй қарор дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи шунидани ахбороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

Тибқи иттилои Додситонии кул, дар хотимаи ҷаласа, генерал - полковники адлия Юсуф Раҳмон дар назди масъулини вазорату идораҳо барои таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Мавзӯъҳои асосӣ