22:32 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Фирӯз худро гунаҳкор намедонад: ҳукми Қаравулов барои қасди террор дар Санкт-Петербург

© Sputnik / Максим Богодвид
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Додгоҳи ноҳияи Смолнински Санкт-Петербург Фирӯз Қалавуров, яке аз муттаҳамон дар қасди таркондани ибодатгоҳи “Казанский собор”-и шаҳри мазкурро ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Санкт-Петербург аз қавли дафтари матбуоти додгоҳи шаҳр иттилоъ дода, Қалавуровро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Қалавуров зимни тафтишот ва дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, ки худро гунаҳкор намедонад.

Ба иттилои мақомоти Русия, Қалавуров бо Евгений Ефимов, ки қасди амали террористиро дошт, шинос буда, ба ӯ кӯмак мекардааст.

“Моҳи октябри соли 2017 Қалавуров дар гулгашти Смоленск ба Ефимов пешниҳод кардааст,  ибодатгоҳи “Казанский собор”-ро тарконанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ба навиштаи расонаҳо Ефимов бо кӯмаки Қалавуров ва ду шарики дигар қасд доштааст, ибодатгоҳро 17  декабри соли 2017 тарконанд, аммо аз ҷониби мақомоти амниятии Русия бо кӯмаки хадамоти махсуси ИМА боздошт гардидаанд.  Соле пеш расонаҳои Русия навиштанд, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои ин кӯмаки хадамоти кашшофии Амрико, ки амали террористиро пешгирӣ кард, зимни суҳбати телефонӣ ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА изҳори сипос кардааст.

Қаблан дар доираи ин парванда Шамил Омаргаджиев ба 2 соли зиндону 30 ҳазор рубл ҷарима, Алисхан Эсмурзиев-2 соли зиндону 50 ҳазор рубл ҷарима ва Ефимов, ки бояд таркишро анҷом медод, ба 5 соли зиндону 100 ҳазор рубл ҷарима маҳкум шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ