22:11 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Станислав Зас, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон қарори таъини Засро имзо кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
681 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори таъини Станислав Зас, намояндаи Белорусро ба мақоми дабири кулли СПАД имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон номзадии Засро ба мақоми дабири кулли СПАД ҷонибдорӣ карда, қарори таъинашро ба ин мансаб имзо намудааст, иттилоъ додааст РИА Новости аз қавли Вафо Ниятбекзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Қаблан раисиҷумҳури дар мулоқот бо Зас, ки 14 декабр дар Тоҷикистон қарор дошт, ҷонибдорияшро аз таъини ӯ ба мақоми дабири кулли СПАД баён дошта буд.

Владимир Зайниддинов, сухангӯи котиботи СПАД гуфт, қарори Шӯро дар бораи таъини дабири кулли созмонро бояд ҳамаи роҳбарони кишварҳои узв имзо кунанд ва муҳлати муайяне барои ин муқаррар нашудааст.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус низ 21 декабр бо Станислав Зас, ки ба ҳайси котиби Шӯрои амнияти ин кишвар фаъолият мекунад, мулоқот карда, қарор барои таъини ӯ ба мақоми дабири кулли СПАД-ро низ имзо намудааст.

Зас ахиран барои мувофиқа кардани таъиноташ аз Тоҷикистон Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия боздид кард. Дар ҳамин ҳол Анна Нагдалян, сухангӯи ВУХ Арманистон 20 декабр изҳор дошта буд, ки сафари Зас ба ин кишвар дар назар нест. Ичунин мақомдорони Арманистон таъини дабири кулли СПАД-ро масъалаи ҳалношуда хонданд.

Юрий Хачатуров, намояндаи Арманистон бо дархости мақомоти кишвараш аз мақоми дабири кулли СПАД барканор шуда буд ва Арманистон хост ба ҷои Хачатуров намояндаи дигари ин кишвар таъин шавад. Аммо роҳбарони кишварҳои дигари СПАД ба далели вақти кам мондан то анҷоми муҳлати роҳбарии намояндаи Арманистон изҳор доштанд, ки роҳбарӣ ба кишвари навбатӣ – Белорус дода шавад.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)

Мавзӯъҳои асосӣ