12:06 22 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Тоҷикистон бо пешниҳоди “ФСБ” Гулмирзоевро ба 17 соли зиндон маҳкум кард

© Sputnik / Максим Богодвид
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
34001

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон Гулмирзоев Далер Шодихоновичро ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Дар ин бора Додситонии кулли Русия имрӯз дар сомонаи расмияш иттилоъ дода, афзудааст, қаблан Гулмирзоев, муттаҳам дар нашъаҷаллобӣ ба Тоҷикистон фирор карда буд.

Додгоҳи Тоҷикистон ӯро бар асоси маводи пешниҳодкардаи раёсати Хадамоти федералии амният – “ФСБ” дар вилояти Нижегород ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Русия мегӯяд, Гулмирзоев ҳангоми тафтишот ба Ватан паноҳ бурд. Дар пайи ин ҷониби Русия далелҳои даст доштани Гулмирзоевро дар нашъаҷаллобӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ироа карда, хостори муҷозоти ӯ шудааст.

Додгоҳи Тоҷикистон дар пайи баррасии қазия Далер Гулмирзоевро гунаҳкор донистааст.  

Далер Гулмирзоев аз аъзои гуруҳи нашъаҷаллоби байналмилалӣ таҳти роҳбарии Мусалмон Холов, сокини ноҳияи Ёвон арзёбӣ мешавад. Худи Холов соли равон ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ