Ҳушдори ноиби вазири Русия аз чархболҳою ҷангиёни “ДОИШ” дар марзи Тоҷикистон ва гурезаҳо

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра внутренних дел РФ Игорь Зубов, архивное фото
Заместитель министра внутренних дел РФ Игорь Зубов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия мегӯяд, чархболҳои номаълум аз Покистон ба наздикии марз бо Тоҷикистон ҷангҷӯёни созмони террористии “ДОИШ”-ро интиқол медиҳанд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Зубов дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии ВУД Русия дар Тотористон аз тавтеаи густурдае дар марз бо Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ба гуфтаи ӯ алайҳи Русия нигаронида шудааст.

Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафир дар бораи хатар аз Афғонистон, силоҳи 120 миллион долларӣ ва аҳамияти пойгоҳи 201

“Зоҳиран он ҷо тавтеаи густурдае тарҳрезӣ шуда истодааст ва эҳтимоли тела додани теъдоди зиёди гурезаҳо ба сӯи Русия бо тамоми пайомадҳояш ҷой дорад”, - изҳор доштааст Зубов. 

Ба таъкиди муовини вазири умури дохилии Русия, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гиранд. Ӯ афзудааст, гарчанде муҳоҷирони аз Тоҷикистону Узбакистон бештар аз қонун пайравӣ карда истодаанд, бояд ба онҳо таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

“Он идеологияеро, ки онҳо ба худ меоранду талошҳоеро, ки доранд аз аввал бояд мавриди таваҷҷуҳи зиёди мо қарор гирад”, - гуфтааст Зубов.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол иддаои мақомдори Русияро шарҳ надодаанд, аммо тибқи омори расмӣ аксари тоҷикистониён ба “ДОИШ” маҳз ҳангоми муҳоҷират дар Русия мегараванд.

Ин дар ҳолест, ки дертар сухангӯи Вазорати умури дохилаи Русия Ирина Волк иддаои ҷаноби Зубовро рад карда, онро фикри шахсии вай хонд. 

Ирина Волк, гуфт иттилооти баёндоштаи Зубов, назари шахсии ӯ буда, мавқеи расмии ин ниҳод нест. Ба гуфтаи Волк, ноиби вазири умури дохилии Русия назари шахсияшро дар бораи раванди эҳтимолии ҳаводис ва вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ баён доштааст.

Лентаи хабарҳо
0