05:32 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова

Шарҳи Захарова дар бораи сафари дар пешистодаи Лавров ба Тоҷикистон

Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
252 0 0

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров санаҳои 4-5-уми феврали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон дидан намуда бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад кард

“Чорум ва панҷуми феврали соли равон, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф мебарад. Қабули расмии ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон ва гуфтушунидҳо бо роҳбари вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар назар аст”, - гуфт Захарова дар брифинг.

Вай илова кардааст, ки тарафҳо рафти омодагии ҷонибҳоро барои гузаронидани мулоқот дар сатҳи олӣ бо дар назардоштӣ  муҳимияти нақши Тоҷикистон ҳамчун аъзои СПАД, ки дорои марзи ҳазоркилометра бо Афғонистон аст, барои имсол баррасӣ менамоянд.

 Захарова қайд кардааст, ки тарафҳо оид ба масоили амнияти минтақа гуфтушунид намуда, барномаи ҳамкориҳо миёни Вазоратҳои умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистонро барои соли 2019 ба имзо мерасонанд.

Барчаспҳо:
ВУХ ҶТ, мулоқот, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ