00:17 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Бинои ВУД Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

ВУД: 2 узви дигари “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон баргаштанд - видео

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
330 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бозгашти ихтиёрии ду узви созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ба Ватан хабар додааст

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, бозгаштаҳо - Муродалӣ Муродов, сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Фазлиддин Назриев, сокини 24-солаи деҳаи Оби Сафеди ноҳияи Тоҷикобод мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, номбурдагон дар Русия фирефтаи таблиғоти  экстремистии “Гуруҳи 24” шуда, шомили он гардидаанд.

ВУД таъкид кардааст, ки Муродалӣ Муродов ва Фазлиддин Назриев навору таблиғоти “Гуруҳ 24”-ро, ки хилофи сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон будаанд, ҷонибдорӣ менамудаанд.

Ин ниҳод илова намуд, ки сипас номбурдагон хатоии хешро дарк карда, бо изҳори пушаймонӣ ба идораи милиса ҳозир шуда, аз узвият дар созмон даст кашидаанд.

Қаблан ВУД эълон кард, афроде, ки шомили созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон мебошанду бо изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргарданд, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ