16:50 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Гузаргоҳи марзӣ, акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои истироҳат ором гузаштанд: вазъ дар марз аз қавли мақомоти Қирғизистон

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
271 0 0

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором мебошад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилоияи мақомоти марзбонии Қирғизистон, рӯзҳои истироҳат дар навоҳии наздимарзӣ ором гузашта, таҷаммӯи одамон ва танише сабт нашудааст. Манбаъ афзуд, ки имрӯз музокироти ҷонибҳо идома хоҳад дошт ва марзбонҳои ин кишвар дар низоми пурзӯри хидмат қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон роҳи Исфара – Ворух ҳанӯз баста буда, қудратиҳои қирғиз барои ҳаракати мошини Кумитаи банйалмилалии Салиби Сурх ба деҳаи дар муҳосирамондаи Ворух низ монеъ шудаанд.

Ба иттилои масъулини шаҳри Исфара, мошини Салиби Сурх, ки ҳомили лавозимоти тиббӣ барои осебдидагони таниши ахири марзӣ дар деҳаи Ворух будааст, аз нисфирӯзи 16 март дар деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон дармондааст ва қудратиҳои қирғиз иҷозати ҳаракати онро сӯи Ворух то ҳол надодаанд.

Ҷониби Қирғизистон ин амали низомиёнашро то ҳол шарҳ надодааст. Салиби Сурх созмони башардӯстонае мебошад, ки бар пояи меъёрҳои бетарафию беғаразӣ ба осебдидагони даргириҳо кумак мерасонад.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсиро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ