“Like” ва “поделиться” кардам: омӯзгор аз Суғд дар бораи 2 парвандаи ҷиноӣ ва афв-видео

© Sputnik / Стас ЭтвешСмартфон, архивное фото
Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз идомаи татбиқи Барномаи давлатии баргардондани афроди роҳгумзада ва аъзои созмону ҳаракатҳои мамнуъ аз хориҷ ба Ватан гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Мақомоти милисаи Суғд, мегӯянд, дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ Аюби Ҳамдамзод, сокини ҷамоати “Чоркуҳ”-и шаҳри Исфара, ки нисбаташ аз рӯи моддаи 187 – ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва моддаи 307, иловаи 3 – ташкили фаъолияти экстремистии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда буд, ихтиёран ба Ватан баргашт.

Ба иттилои РВУД, Ҳамдамзод омӯзгор буда, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми мубаллиғони ифротӣ афтодааст ва нисбати сиёсати Тоҷикистон иғвоангезӣ карда, ба бадномкунии мақомоти давлатӣ даст задааст. Манбаъ таъкид кард, ки моҳи октябри соли 2018 алайҳи Аюби Ҳамдамзод бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз гардид.

Худи Ҳамдамзод дар бораи иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ташкили фаъолияти экстремистӣ дар ин гузориш гуфт,  дар вақтҳои холигӣ ба саҳифаҳои интернетии марбут ба созмонҳои мамнӯи ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” даромада, “лайк” мемондаасту “поделиться” мекардааст.

Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Like”-ҳои сархӯр: Раҳимзода дар бораи ҷазо барои лайкмониҳо дар интернет

“Вақтҳои холигӣ кам-кам ба саҳифаҳои интернетӣ даст доштам. Ногоҳ ба саҳифаҳои “Гуруҳи 24” ва ҲНИТ, ки аз соли 2010 аъзо будам, кам кам сарукор доштам. Баъзе фикру ақидаҳо менавиштам, баъзе лайкҳо мемондам, баъзе тақсим – “поделиться” мекардам. Ҳамин сабаб шуд, ки нисбати ман делои ҷиноятӣ аз рӯи моддаҳои 187 ва 307 оғоз шуда будаст. Ба ман хабар доданд”, - изҳор дошт Ҳамдамзод дар гузориши таҳиякардаи РВУД.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели бозгашти ихтиёрӣ ва изҳори пушаймонӣ Ҳамдамзод мавриди афв қарор гирифта, ӯ аз феҳрасти афроди мавриди пайгард хориҷ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0