Саидзода: Қӯшунҳои дохилӣ дар таъмини тинҷию оромӣ саҳми босазо дорад

Саидзода Маҳмадсаид Борон
Саидзода Маҳмадсаид Борон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода ин нуктаро зимни ифтитоҳи мусобиқаҳо гуфт.

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Ба муносибати ҷашни касбии хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10-уми апрел таҷлил мешавад ва 26-умин солгарди таъсисёбии ин сохтор, мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футбол, куштӣ ва тирпарронӣ баргузор мешавад. 

Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин сабқатҳо барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз 1-уми апрел оғоз ёфта то 9-уми апрел идома хоҳад ёфт.

Новое административное здание МВД Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Генерал: бар зидди ҷинояткорӣ бояд дастаҷамъона мубориза бурд

Дар ин мусобиқаҳо 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, барои дарёфти ҷойҳои ғолибият рақобат хоҳанд намуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон баромад намуда, нахуст хизматчиёни Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва тамоми иштирокчиёни мусобиқаро ба ифтихори ин санаи муҳим табрику таҳният намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон комёбиҳо таманно намуд.

"Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои бузург ва калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вазифаҳои пурмасъули таъмини амнияти давлату шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад",-қайд кард ӯ.

Ба гуфти муовини вазир, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, Қӯшунҳои дохилӣ ба яке аз сохторҳои қавӣ ва пешрафта мубаддал гашта, дар ин муддати кӯтоҳ афсарону сарбозони он тавонистанд дар баробари дигар хизматчиёни шуҷои мақомоту сохторҳои қудратии кишвар дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини тинҷию оромӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, нест намудани гурӯҳҳои ҷинояткор, террористию ифротгаро саҳми босазои худро гузоранд.

Ифтитоҳи қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои Маҳмадсаид Саидзода ба Нерӯҳои вижаи милисаи ВМКБ

Имрӯз ҳам фарзандони содиқи Ватан дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ хизмати софдилонаи худро сарбаландона идома дода истода, ҳамеша дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тинҷию осудагии мардуми диёри хеш омодаанд.

Худи ҳамин рӯз, бозиҳои футбол миёни дастаҳои Вазорати мудофиа ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар дар як майдон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ бо Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД дар майдони дигар баргузор гардид.

Ҳисоби аввал 6:1 бо бартарияти футболбозони Вазорати мудофиа ва ҳисоби бозии дуюм 10:1 ба фоидаи варзишгарони қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0