23:25 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳукми Ҳакимов, ки аз сарҳади Сурия ба Тоҷикистон оварда шуд

© Sputnik / Андрей Старостин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Анваржон Ҳакимовро дар зархаридӣ ва қасди иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ гунаҳкор дониста ба 12,5 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғлӣ моҳи сентябри соли 2018 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав рафта, моҳи октябри соли 2018 тариқи сомонаҳои интернетии “Ютуб” ва “Телеграм” бо фаъолияти созмони террористии “ДОИШ” шинос шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон бо аъзои ташкилоти террористӣ шинос шуда, даъвати узвият ба созмони мамнуъро пазируфтааст.

Бар асоси иттилоияи додгоҳ, Ҳакимов  17 январи соли равон тавассути ҳавопаймои хатсайри “Маскав – Истанбул” ба Туркия рафта, 21 январ бо мақсади ба ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб гузаштан ба шаҳри Адана раҳсипор шудааст.

“Аз он ҷо тавассути автобус ба самти сарҳад раҳсипор шудааст, вале дар наздикии сарҳади давлатҳои Туркия ва Сурия аз ҷониби кормандони полиси давлати Туркия дастгир шуда, маҷбуран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Манбаъ афзуд, муттаҳам дар мурофиа ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Додгоҳ Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғлиро бар асоси моддаҳои 32 ва 401 замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста,  ба 12,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ