Тирпарронии ду узви ДОИШ ва ФСБ дар Русия: террористон кушта шуданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСотрудники российских спецслужб
Сотрудники российских спецслужб  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тюмен ду узви ДОИШ муайян ва безарар гардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Мақомоти қудратии Русия дар рафти амалиёти вижа ду узви гурӯҳи террористии ДОИШ-ро, ки ҳамлаи террористӣ омода мекарданд, безарар намуданд.

Пештар ФСБ муайян карда буд, ки дар яке аз манзилҳо дар Тюмен пайравони гурӯҳи  террористӣ омода мекунанд.

Террористон дар посух ба пешниҳоди таслим шудан ба мақомот тир кушодаанд, ки дар пайи тирпарронии ду тараф худ кушта ва безарар гардонида шудаанд.

Кадры задержания банды, поставлявшей в Россию героин, опубликовала ФСБ - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ навори боздошти нашъаҷаллобонро мунташир кард

Дар пайи амалиёт аз сокинони осоишта нафаре зарар надидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Шуъбаи тафтишотии ФСБ Русия дар минтақаи Перм нисбати зодаи Тоҷикистон Айёмидин Мухторов, ки ба ҷалби ҳамватанони худ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ машғул будааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба маълумоти ниҳоди тафтишотӣ, Мухторов фаъолияти худро оид ба ҷалби ҳамватанонаш ба сафи гурӯҳҳои ДОИШ ба Сурия аз моҳи майи соли 2018 оғоз намуда, то феврали соли 2019 давом додааст. Вай ба Перм ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ омада дар сохтумонҳо ёрдамчӣ шуда, кор мекардааст.

Дар шаҳри Перм ӯ ба таври фаъолона ҳамватанони худро барои ҷиҳод ба сафи гурӯҳҳои террористии ДОИШ ба Сурия даъват мекардааст.

Ҳамчунин Мухторов ҳангоми мулоқот бо ҳамватанонаш сабтҳои видиоии хислатҳои ифротгароидоштаро нишон медодааст.

Дар як видеое, ки ӯ ба ҳамватанонаш нишон дода будааст, як марди дорои симои шарқиёна нақл мекардааст, ки чӣ гуна ба сафи ДОИШ пайваста ҷангидааст ва ҳоло соҳиби бойгарии бузург шудааст.

Аммо то ҳол маълум нест, ки ба Мухторов муяссар шудааст, ки ягон ҳамватани худро ба Сурия равон кунад, ё не.

Ӯро 23 феврали соли равон кормандони ФСБ Русия дастгир карда буданд. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0