21:17 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Баррасии масоили мубрам дар вохӯрӣ бо Сафири Фаронса

Раҳимзода бо хонум Гуедар чиро баррасӣ кард?

Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0

Ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи табииро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон дирӯз бо сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора равобити умумии ВУД хабар медиҳад.

Дар ин дидор, ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса аз 3 марти соли 1992 ба роҳ монда шудаанд.

Дар ин замина сафорати  Тоҷикистон дар шаҳри Порис соли 2013 ифтитоҳ гардид.

Соли 2002 сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса баргузор гардида, зимни ин сафар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ба имзо расонида шуд, ки он барои ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир заминаи мусоид гузошт.

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба  бовар доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Лиони Фаронса ҳамоиши навбатии сарони Бюрои Марказии Миллии Интерпол, бо ширкати 315 намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 150 давлат баргузор гардид.

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ мудири Бюрои Марказии Миллии Интерполи ВКД, генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм муаррифӣ кардааст.

Генерали тоҷик кофтукови "киҳо"-ро бо котиби Интерпол баррасӣ кард?

Азиззода дар ҳошияи ҳамоиш, бо Котиби Генералии “Интерпол” Юрген Шток дидор карда, масъалаҳои кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар Тоҷикистон айбдор гардидаанд, баррасӣ кардааст.

Мавзуъ

Наргис аз КДАМ: Ятимов ва Раҳимзода беҳтарин кормандони оперативиро эълон карданд - акс
Раҳимзода дар Фурудгоҳи Кӯлоб бинои шуъбачаи милитсия ифтитоҳ кард

Мавзӯъҳои асосӣ