06:04 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Ҳавопаймоҳои бесарнишин ба пойгоҳи 201-ум дода шуданд, акс аз бойгон

Ташаккули баталиони нав: ба пойгоҳи 201 “Орлан – 10” доданд

пресс-служба ЦВО РФ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи “Орлан – 10” мусаллаҳ шуд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, ба ихтиёри пойгоҳи 201-ум 4 маҷмӯаи дастгоҳҳои бесарнишини “Орлан – 10” гузошта шуд, ки таъиноти гуногун доранд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки таҷҳизоти мазкур тавони ҷангии пойгоҳро бештар карда, барои нишонрас намудани тирандозӣ ва кашшофӣ дар ҳавои номусоид хидмат мекунанд.

Қаблан Вазорати дифои Русия иттилоъ дода буд, ки то нимаи соли равон дар пойгоҳи 201 баталиони нави ҳавопаймоҳои бесарнишин ташкил хоҳад шуд

Ин ниҳод изҳор дошта буд, ки ба баталиони нав ротаҳои умури масофаи наздик, ки бо ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10", "Леер-3", "Элерон", "Гранат" ва "Тахион" муҷаҳҳаз хоҳанд буд, шомил мешаванд.

Инчунин ба баталиони нав, отряд ё дастаи махсуси масофаҳои дур шомил мегардад, ки бо низоми дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин - "Форпост" мусаллаҳ мегардад.

Тибқи иттилои мақомоти низомии Русия, баталиони нав имконоти ҷангии пойгоҳи 201-ро ба ҳангоми кашшофӣ ва дақиқсозии самти оташкушоии воҳидҳои тирандозу танкиро бештар мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ