13:13 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Суғд: Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Полковник ба ҷавонони Суғд: бегонапарастӣ накунед, пеш аз хонадоршавӣ аз ташхис гузаред

Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
496 0 0

Духтарони Суғдро ба арҷ гузоштан ба либосҳои миллӣ, роҳ надодан ба бегонапарастӣ даъват карда, тавсия доданд, ки аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВУД дар вилояти Суғд полковники милитсия Саидзода Баҳром бо донишҷӯёни факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидору мулоқот кардааст.

Ба иттилои равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, ин мулоқот бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баргузор шудааст.

"Ба донишҷӯён оид ба вазъи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ва бо иштироки онҳо маълумот дода, бо мақсади баланд намудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таъсири манфии оқибатҳои содир намудани ҷиноят аз ҷониби онҳо ба шахсият, оила, ҷомеа ва миллат маълумот дода шуд",-омадааст дар хабарнома.

Қайд карда шудааст, ки ҷавонон меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сармашқи зиндагонии худ намуда, пеш аз оила барпо намудан аз ташхиси тиббӣ гузаранд, ки дар оянда мубтало ва паҳнкунандаи вируси норасои масъунияти одам нагарданд.

Дар ин дидор, ҷавондухтаронро ба арҷ гузоштан ба либосҳои миллӣ, роҳ надодан ба бегонапарастӣ таъкид карда, тавсия додаанд, ки аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷавонон ба ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, такмили камолоти маънавӣ баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ҷалб карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ