07:25 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҷаласа бо ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Бохтар

Талоши генералу полковнику раис барои танзими ҳаракати нақлиёт дар Бохтар

© Вазорати корҳои дохилии ҶТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
457 0 0

Мақомоти вилояти Хатлон бо 252 ронандаи воситаҳои нақлиёти шаҳри Бохтар дидору мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар толори «Кохи Ватан», воқеъ дар шаҳри Бохтар ҷаласаи роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон бо ронандагони воситаҳои нақлиёт баргузор гардид. Дар ин бора равобити умуии Вазорати умури дохила хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласа ба мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, риояи қоидаҳои ягонаи ҳаракат дар роҳ ва амри Раиси вилоят аз 13 марти соли 2019 «Оид ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт, бартараф намудани тамбашавӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба низом даровардани воситаҳои нақлиётӣ мусофиркашониву боркашонӣ» ҷаласа баргузор гардид. 

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар дар ин дидор гуфттаст, ки бо мақсади танзими ҳаррӯзаи ҳаракати нақлиёт, рафтуои бемамонияти аҳолии вилоят дар кӯчаю хиёбонҳо кормандони БДА пайваста чорабиниву амалиётҳои мақсаднок таҳия намуда, амалӣ гардонида истодаанд.

Қайд гардидааст, ки ҳамдигарфаҳмии байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва баъд аз он байни ронандагону кормандони БДА вобаста ба таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар қаламрави вилоят вобастагии зич дорад. 

Ҳозирин оид ба маданияти шаҳрдорӣ, тартибу интизом дар таваққуфгоҳҳо ва содир намудани ҷиноят, аз ҷумла садамаҳои роҳу нақлиёт ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задани баъзе ронандагон суханронӣ намуда, ба роҳбарони ширкатҳо ва ронандагон дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Ҳамчунин, муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода А. баромад намуда, вобаста ба таъмин ва бунёд намудани таваққуфгоҳҳо ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва пешгирии тамбашавӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои дахлдор, БДА ва дигар хадамотҳои милитсия изҳори назар намуданд.

Дар ҷаласа сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода, муовини раиси вилоят, Зоирзода Умед Тоҳир, муовини сардори РВКД, полковники милитсия Вализода Илҳомудин, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон Солеҳзода Файзиддин, сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон, роҳбарияти ширкатҳои нақлиётии вилояти Хатлон ва 252-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ширкат доштанд.

Мавзӯъҳои асосӣ